Ru  | Tj
Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии Кӯлоб ба миқдори 309,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии Кӯлоб ба миқдори 309,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
Акс: Sputnik

Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии Кӯлоб ба миқдори 309,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст

Нашр шуд

Кӯлоб яке аз шаҳрҳои дорои иқтидори бузурги тиҷоратӣ дониста мешавад.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, Бахтиёр Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раёсати шаҳри Кӯлоб зимни нишасти хабарӣ эълом доштааст, ки дар соли 2021 дар корхонаҳои саноатии Кӯлоб ба миқдори 309,7 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба соли қаблӣ 31,8 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Таъкид гаштааст, ки дар ҳоли ҳозир дар 57 хоҷагии моҳипарварии шаҳри Кӯлоб 206,9 ҳазор моҳича парвариш карда мешаванд.

Ҳамчунин, Назарзода қайд намудааст, ки дар минтақаи мазкур оилаи занбӯри асал 6975 ададро ташкил намуда, истеҳсоли асал дар соли 2021 ба 119,5 тонна баробар шудааст. 

Зимнан, дар нишаст зикр шудааст, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" сохтмони корхонаҳои истеҳсолии қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани растанӣ ва набот давом дорад.

Ёдрас мешавем, ки соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб 6 адад коргоҳи нав, аз қабили корхонаи ҷӯроббофии "Ваҳдат-текстайл", дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои нӯшокӣ, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба фаъолият пардохтанд.

Ҳамчунин, дар ин давра дар маркази Хатлон 23 гармхона ба фаъолият оғоз кардааст.


Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед