Ru  | Tj
Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд

Нашр шуд

Тавре Интерфакс хабар медиҳад, вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу пас аз дидору гуфтушунид бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон Низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд.

Барои беҳбуди этимоднокии ҳифзи сарҳад дар фазо ҷонибҳо лоиҳаи созишнома дар бораи таъсиси Низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таҳия намуданд, иброз доштааст Шойгу ва илова намудааст, ки "пешниҳод мекунам, ки дар фарҷоми вохӯрӣ созишномаи мазкур ба имзо расонида шавад”.

Ӯ ҳамчунин намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро ба Конфронси 9-ум оид ба амнияти байнулмилалӣ, Форуми байнулмилалии ҳарбӣ-техникӣ ва Бозиҳои байнулмилалии артиш даъват намуд.

Шойгу хабар дод, ки Русия ба зиёд кардани шумори хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои олии ҳарбии Русия омода буда, воҳидҳои низомии кишварро дар тамринҳои стратегии “Запад-2021” интизор аст.

Машқҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия дар апрел мегузаранд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед