Ru  | Tj
Талоши Покистон барои ҷалби ҳимояти ҷаҳониён аз Толибон бенатиҷа мондааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Талоши Покистон барои ҷалби ҳимояти ҷаҳониён аз Толибон бенатиҷа мондааст
Акс: Anadolu Agency

Талоши Покистон барои ҷалби ҳимояти ҷаҳониён аз Толибон бенатиҷа мондааст

Нашр шуд

 Рӯзномаи "Дейли Таймс"-и Покистон дар матлаби ахири худ менависад, талошҳои Исломобод барои ба даст овардани ҳимояти ҷаҳониён барои Толибон* муваффақ нашудааст.

Рӯзнома бо ишора ба сафари эҳтимолии мушовири Амнияти миллии Покистон ба Кобул менависад, талошҳои Исломобод барои ба даст овардани ҳимояти байналмилалӣ ва берун овардани Толибон аз бӯҳрони машруъият натиҷа надодааст.

Рӯзнома афзудааст, ки Толибон бидуни эътирофи худ натавонистаанд мушкилоти Афғонистонро бартараф кунанд.

Мушовири Амнияти миллии Покистон Муайид Юсуф дар садри як ҳайати вазирони кобинаи Покистон қарор буд аз Кобул дидан кунад. 

Нависандаи "Дейли Таймс" бар ин назар аст, ки Покистон қаблан дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ аз кишварҳои исломӣ хост, то ба кӯмаки Толибон бишитобанд, аммо ин тарҳ ноком шуд. Зеро дар ин нишаст ба ҷуз Арабистони Саудӣ ҳеҷ кишвари мусалмонии дигаре барои кӯмак ба Афғонистон тааҳҳудоти молии қобили мулоҳизае нагирифтааст.

*Толибон – Ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо



Толибон гуфтаанд, ки шурӯъ аз ҷашни Наврӯз мактабҳои духтарона дар Афғонистон боз мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед