Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тасдиқи буҷҷа барои соли 2021
Нашр шуд
Парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи палатаи поёнӣ буҷаи давлатиро барои соли 2021 тасдиқ намуд.
Лоиҳаи қонунро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар парлумон муаррифи намуда ба вакилон қайд кард, ки қисми даромади буҷа дар соли оянда ба андозаи 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба буҷаи амалкунанда 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1% зиёдтар аст. Афзоиши даромади буҷетро бо дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, аксиз, андоз аз даромад), инчунин таъмини рушди воқеии иқтисод ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шарҳ дод .
Даромади андоз 18,8 миллиард сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки ин зиёда аз 68 фоизи тамоми даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,4 миллиард сомонӣ ва грантҳо - 300 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Хароҷоти буҷа барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи тасдиқшудаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд аст. Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ 13,2 миллиард сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки 47% тамоми хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, соҳаи маориф ба маблағи беш аз 5,6 миллиард сомонӣ (афзоиш нисбат ба буҷаи амалкунанда ба 592 миллион сомонӣ), тандурустӣ - 2,3 миллиард сомонӣ (афзоиш 509 миллион сомонӣ), бахши ҳифзи иҷтимоӣ 4,2 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд, (афзоиш 262 миллион сомонӣ), соҳаи фарҳанг ва варзиш - 1,1 миллиард сомонӣ (афзоиш 70 миллион сомонӣ).
Маблағгузории буҷетӣ барои хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,3 миллиард сомонӣ, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ - 3,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 2,1 миллиард сомонӣ, ба мисли соли гузашта, ба анҷом расонидани нерӯгоҳи Роғун равона карда шудааст. Бояд қайд, ки лоиҳаи қонун дар бораи буҷаи давлатӣ яке аз чанд ҳуҷҷатест, ки мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, бидуни тасдиқи аъзои палатаи болоии парлумон барои имзо ба президенти кишвар фиристода мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед