Ru  | Tj
Таъсиси телевизиони нави “Илм ва табиат” дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таъсиси телевизиони нави “Илм ва табиат” дар Тоҷикистон

Таъсиси телевизиони нави “Илм ва табиат” дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Барои бардоштани сатҳи илм миёни ҷавонон ва муаррифӣ намудани дастовардҳои илмии олимони тоҷик, дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм телевизиони нави “Илм ва табиат” таъсис дода шуд. 
 
Дар маросими фаъолгардонии шабакаи илмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  бо дигар олимону муҳаққиқон ширкат варзиданд. 

Зимни суханрониҳо Матлубахон Сатториён ва Президенти Академияи миллии Тоҷикистон ба  ҳамаи олимону муҳаққиқонро бо иди касбиашон табрик намуда, ба он муваффақиятҳои касбиро орзу намуданд.

«Моро зарурат пеш омадааст, ки беш аз пеш дар рушди илми тоҷик саҳми хешро гузорем. Зеро таъмини рушди илм пешрафти мамлакат маҳсуб мешавад»,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба ғайр аз ин ба хотири арҷгузории бузургони илми тоҷик бо тантана дар назди пайкараҳои С.Айнӣ, Б.Ғафуров ва М.Осимӣ гулчанбар гузошта шуд.

Минбаъд ҳамаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Илм чароғи маърифат” ва дигар олимпиадаҳо тариқи ин телевизион пахш карда мешавад.

Хуҷанд дар озмуни “Сайри гули лола” сазовори ҷойи якум гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед