Ru  | Tj
Тавофуқи Эмомалӣ Раҳмону Имрон Хон: Масъалаи Панҷшер бо роҳи муколама ҳал мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тавофуқи Эмомалӣ Раҳмону Имрон Хон: Масъалаи Панҷшер бо роҳи муколама ҳал мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавофуқи Эмомалӣ Раҳмону Имрон Хон: Масъалаи Панҷшер бо роҳи муколама ҳал мешавад

Нашр шуд

Тоҷикистону Покистон ба тавофуқ расиданд, ки барои бо роҳи муколама ҳаллу фасл гардидани масъалаи Панҷшер тамоми кӯшиши лозимро анҷом медиҳанд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Душанбеву Исломобод дар ҳузури хабарнигорон дар ин бобат гуфт.

Вай аз ҷумла таъкид дошт: «Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд».

Имрон Хон, Сарвазири Покистон ҳам пас аз ин мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе иброз намуд, ки ҳамроҳ бо Тоҷикистон талош хоҳанд кард, ки масъалаи Панҷшер ва таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон бо роҳи гуфтугӯву муколама ҳал шавад.

Имрон Хон афзуд, ба тавофуқ расидаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тоҷикон ва худи вай аз ҷониби паштунҳо ё Толибон* (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) кӯшиш барои ҳаллу фасли масъалаи Панҷшер бо роҳи муколама хоҳанд кард.

Рӯзи 17-уми сентябр сафари расмии Имрон Хон, Сарвазири Покистон дар Душанбе оғоз ёфт ва дар ҷараёни он мулоқоту музокироти сатҳои олии ду кишвар баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар мулоқот маҷмӯи масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои равобити дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи натоиҷи он даҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи вазъи Афғонистон, ба вижа минтақаи Панҷшер аз мавзӯоти асосии гуфтугӯи сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон будааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон, ки зидди Толибон* меҷангад, борҳо гуфтааст, Покистон бевосита ба Толибон* кӯмаки низомӣ мекунад ва ин гурӯҳи тундрав дастнишондаи Исломобод аст.

Ҷабҳаи муқовимат аз ҷумла мегӯяд ки дар ҳамлаи ҳавоии шаби якшанбеи 5-уми сентябр ба Панҷшер Толибон* аз чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон истифода бурдаанд.

Ҳатто дар чанд акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки панҷшериён як чархболи артиши Покистонро ба замин афтондаанд.

Тоҷикистон ба Покистон пешниҳод кард, ки корхонаҳои муштараки нассоҷиву дорусозӣ таъсис диҳанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед