Ru  | Tj
Темур Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон дар Будапешт ҷойи 7-умро ишғол кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Темур Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон дар Будапешт ҷойи 7-умро ишғол кард
Акс: Интернет

Темур Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон дар Будапешт ҷойи 7-умро ишғол кард

Нашр шуд

Дар чемпионати ҷаҳон варзишгари ҷудо Темур Раҳимов қувваозмоӣ намуда, ҷойи 7-умро ишғол намуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин варзишгари ҷавон миёни варзишгарони тоҷик натиҷаи беҳтаринро нишон дод.

Аз 6-ум то13-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон чемпионати ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он Темур Раҳимов дар вазни аз 100 кг боло қувваозмоӣ кард.

Темур дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари Лаҳистон- Масией Сарнаки, дар даври сеюм бо намояндаи Қазоқистон Ерасил Кажибаев ғалаба карда, имконияти ба чорякфинал роҳ ёфтанро пайдо намуд. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Русия Темурлан Басаев, ки медали нуқраи чемпионатро гирифт ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Рой Мейер шикаст хӯрда, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.

Кумита илова намуд, аз миёни 118 давлати иштирокчӣ варзишгарони 27 давлат тавонистанд соҳиби медал гарданд. Варзишгарони 10 давлат унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор шуданд.

Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед