Ru  | Tj
«The Central Asia’s Got Talent» оғоз ёфт. Озорбойҷон ҳам ба ин озмун пайваст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«The Central Asia’s Got Talent» оғоз ёфт. Озорбойҷон ҳам ба ин озмун пайваст
Акс: Интернет

«The Central Asia’s Got Talent» оғоз ёфт. Озорбойҷон ҳам ба ин озмун пайваст

Нашр шуд

Дирӯз дар Душанбе, дар телевизиони “Сафина” марҳилаи интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз гардид.

Ба иттилои сомонаи расмии “Сафина”, 15-уми ноябр марҳилаи интихобии Озмуни байналмилалии телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» дар Душанбе оғоз ёфт ва дар он нафарони дорои истеъдоди хосса, новобаста аз синну сол ва касбу кор, ширкат карда метавонанд. 

Манбаъ мегӯяд, ин озмун дар панҷ марҳила:  кастинг, санҷишҳои кушод, чорякниҳоӣ, нимниҳоӣ ва Гранфинал баргузор мешавад ва дар он сокинони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон иштирок менамоянд.

Гуфта мешавад, ин озмун тавассути 5 шабакаи телевизионии кишварҳои минтақа -  «НТК»-и Қазоқистон, «Севимли»-и Ӯзбекистон, КТРК-и Қирғизистон, «ТВ Сафина»-и Тоҷикистон ва ҳамчунин «Хазар ТВ»-и Озарбойҷон пахш мегардад.

Ғолиби «The Central Asia’s Got Talent» аз рӯи интихоби тамошобинон аз панҷ кишвари иштирокдори лоиҳа сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки ин озмуни байналмилалӣ қаблан соли 2019 низ баргузор шуда буд ва он вақт танҳо чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ иштирокдори ин лоиҳа буданд. Имсол Озорбойҷон низ ба ин лоиҳа пайвастааст. 

Дар нахустин озмуни «The Central Asia’s Got Talent» овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов барандаи мутлақи лоиҳа ва соҳиби 10 миллион тангаи қазоқӣ (беш аз 26 ҳазор доллар) гардида буд. 


Варзишгари тоҷик дар муҳорибаи тан ба тан ғолиби Ҷоми ҷаҳон шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед