Ru  | Tj
Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар моҳи январ 29,5% афзуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар моҳи январ 29,5% афзуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар моҳи январ 29,5% афзуд

Нашр шуд

Ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар аввалин моҳи соли 2024 ба 144 милён долар баробар шуд, ки дар қиёс бо соли гузашта 29,5 дарсад зиёд аст.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба маълумоти Ожонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми умумии муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар моҳи январ ба беш аз 144 милён доллар баробар шуд.

Тибқи гузориши ин ниҳод, воридот аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи январ ба беш аз 138 милён долар ва содирот ба  Русия ба 5,3 милён долар расид.

Дар миёни кишварҳои узви ИДМ дар моҳи январ Русия аз рӯйи ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ бо Тоҷикистон мақоми аввалро касб карда, дар ҷойи дувум бо 82,3 милён долар Қазоқистон қарор дорад.

Афзун бар ин Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ҳаҷми муомилоти тиоратиро  бо Белорус 38,8% ва бо Узбекистони ҳамсоя 35,6% афзоиш додааст.

Бояд гуфт, дар байни ҳамаи кишварҳое, ки Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон тиҷорат кардааст, Русия пас аз Чин ҷойи дувумро касб кард. Тиҷорати Тоҷикистон бо Чин дар ин моҳ 44,7% афзуда, ба беш аз 154,6 милён долар расид.

Бо ин вуҷуд дар бахши воридоти мол ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон Русия бо саҳми 28,4% аз Чин пештар аст.

Гуфтанист, тибқи омори расмӣ дар соли 2023 тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар умум ба беш аз 8,3 милярд долар баробар шуд, ки нишондоди рекордӣ аст. 

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта Русия буда, муомилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар 2,5% афзуда, ба 1,8 милярд долар расид, ки ин баландтарин нишондод дар таърихи ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед