Ru  | Tj
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон наздики 30% зиёд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон наздики 30% зиёд шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон наздики 30% зиёд шуд

Нашр шуд

Муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 29,3 дарсад афзудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон 47% зиёд шуд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 4,4 млрд доллар расид, ки дар қиёс ба соли гузашта 29,3 дарсад ё худ 1 млрд доллар бештар аст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин муддат содироти мол аз Тоҷикистон 1 млрд долларро ташкил намуда, нисбати соли қаблӣ 47 дарсад ё 319,2 млн доллар афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки сохтори содироти Тоҷикистонро асосан металҳои қиматбаҳо (30,1%), нахи пахта ва маҳсулот аз он (12%), маъданҳо (16,7%), дигар металҳои нимқиматбаҳо (сурма) (8,8 %), алюминий аввалия ва маҳсулот аз он (9,7%), дигар маҳсулоти кимиёвӣ (2,8%), либосҳои гуногун ва бофташуда (2,6%), маҳсулоти кишоварзӣ (2,4%), мис ва маҳсулот аз он (2,5%), нерӯи барқ (3,5%), семент (1,2%) ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон бошад дар ин муддат 3,4 млрд долларро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 24,8 дарсад ё 680,1 млн. доллар зиёд аст.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ барои коркард 10,3 дарсад ва барои истеъмол 7,4%, маҳсулоти нафтӣ 12,1%, нақлиёти заминӣ 9,4%, таҷҳизоти технологӣ 7,8%, металҳои сиёҳ 6,2%, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,3%, гази моеъ 3,9%, мошинҳои барқӣ 3,3%, маҳсулоти полимерӣ 2,5%, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 2,1%, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 2%, нуриҳо 1,2%, дору 0,9% ва дигар маҳсулотро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Русия, Чин, Қазоқистон, Швейтсария, Туркия ва Ӯзбекистон шомил ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед