Ru  | Tj
Тими куштии озоди ҷавонони Эрон имсол низ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тими куштии озоди ҷавонони Эрон имсол низ қаҳрамони ҷаҳон шуд
Акс: Интернет

Тими куштии озоди ҷавонони Эрон имсол низ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Нашр шуд

Тими куштии озоди ҷавонони Эрон бо касби 3 медали тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон мақоми нахустро ба даст овард.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, тими ҷавонони ин кишвар дар рақобатҳои ҷаҳонии куштии озод  дар шаҳри Софияи Булғористон пирӯзии соли гузаштаи худро такрор кард ва дубора қаҳрамони ҷаҳон гашт.

Гуфта мешавад, барои дастаи Эрон куштигирони ҷавон Субҳон Ëрӣ, Амирҳусайн Фирӯзпур, Амирризо Маъсумӣ нишони тило ва Ормин Ҳабибзода медали нуқраву Аҳмад Муҳаммаднажод, Ҳусайн Муҳаммадоқоӣ, Ориф Ранҷбарӣ ва Амиралӣ Озарпиро медалҳои биринҷӣ овардаанд.

Дар ин қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмуъ тими Эрон бо 159 имтиëз ба унвони қаҳрамонӣ даст ëфта, Амрико бо 132 ва Ҳинд бо 112 имтиëз мутаносибан мақомҳои дувуму савумро касб кардаанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта низ тими ҷавонони Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии куштии озод миëни ҷавонон, ки дар шаҳри Уфаи Русия баргузор гардида буд, қаҳрамони ҷаҳон шуда буданд.

Абубакр Шеров дар Ҷоми кушоди Осиë медали нуқра гирифт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед