Ru  | Tj
Абубакр Шеров дар Ҷоми кушоди Осиë медали нуқра гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Абубакр Шеров дар Ҷоми кушоди Осиë медали нуқра гирифт
Акс: Facebook

Абубакр Шеров дар Ҷоми кушоди Осиë медали нуқра гирифт

Нашр шуд

Абубакр Шеров, ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба гирифтани нишони нуқра даст ëфт.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров дар сабқати Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022), ки  дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор гардид, сазовори  мадали нуқра шуд.

Манбаъ меафзояд, дар ин мусобиқа 154 варзишгар аз шаш кишвар бо ҳам неру санҷидаанд ва Абубакр то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ намояндагони кишвари мизбонро шикаст додаву дар финал низ аз паҳлавони маъруфи қазоқ Сунгат Жубаткан мағлуб гардидааст.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) иштирок намуданд, аммо танҳо   Абубакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра сазовор шуд.

Варзишгари дигарамон Наврӯз Каримзод дар вазни -73 кг танҳо зинаи ҳафтумро касб намуд.

Паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи ҷудо миëни ҷавонон шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед