Ru  | Tj
Тоҷикдухтар бо ихтирооташ Русияро тасхир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикдухтар бо ихтирооташ Русияро тасхир кард
Акс: Интернет

Тоҷикдухтар бо ихтирооташ Русияро тасхир кард

Нашр шуд

Нигора Мирова барои ихтирои техникаи соҳаи хоҷагии қишлоқ сазовори Ҷоизаи миллӣ ба номи Александр Ежевский гардид.

Нашрияи “Аргументы и факты” барои рӯҳбаланд кардани донишҷӯён муваффақияти тоҷикдухтарро бо сатрҳои зерин тасвир намудааст: “Дар ҳоле, ки баъзе аз донишҷӯён машғули селфикунӣ ҳастанд, қисми дигар барои беҳбудии корҳои хоҷагии қишлоқ техникаи замонавӣ ихтироъ менамоянд ва барои эҷодкорияшон ҷоиза мегиранд”.

Нигора Мирова панҷ сол қабл бо мақсади давом додани таҳсил дар донишгоҳи олии берун аз Тоҷикистон ба Челябинск сафар кард. Айни ҳол ӯ дар Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ дар зинаи магистрӣ таҳсил мекунад ва барои даъват ба кор аллакай хостгоронаш зиёд шудаанд.

Дар мусоҳиба бо журналисти “Аргументы и факты” Нигора мақсад аз ихтирои мошини тухмипошаки пневматикиро чунин шарҳ дод: “Дар Тоҷикистон истеҳсоли техникаи кишоварзӣ ҳанӯз дуруст рушд накардааст ва ман тасмим гирифтам ин камбудиро бартараф созам”.

“Борҳо шоҳиди он гаштам, ки чӣ тавр хешовандонам ҳангоми кор дар замин бе техникаи зарурӣ азоб мекашиданд. Онҳо маҷбур мешуданд, қисми зиёди корҳои кишоварзиро бо дастонашон анҷом диҳанд. Тағоям гандум ва холаам бошад, пахта мекорид. Корҳои хоҷагии қишлоқ бениҳоят душвор аст”.

Нигора баробари дохил шудан ба донишгоҳ, аллакай аз соли аввали таҳсил бо ихтироот машғул шуда, то имрӯз чандин ҷоизаҳоро ба даст овардааст. Фанни дӯстдоштаи Мирова математика буда, дар баробари ин ӯ хондан ва расм кашиданро инз дӯст медорад. 

Русия боз як ваксинаи дигар бар зидди Covid-19 ихтироъ кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед