Ru  | Tj
Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро шадидан маҳкум кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро шадидан маҳкум кард
Акс: "РИА Новостӣ"

Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро шадидан маҳкум кард

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро қотеъона маҳкум кард.

Дар изҳорот омадааст: "Мо ҳамлаи даҳшатноки ҳаросафканро алайҳи мардуми осоишта дар бунгоҳи консертии Крокус Ситӣ дар Маскав қатъан маҳкум мекунем".

Дар баробари ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони қурбониёни ин ҳодиса изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Бояд гуфт, ки шаби 22-юми март дар бунгоҳи консертии Крокус Ситӣ дар Маскав аз сӯйи афроди мусаллаҳ тирандозӣ сурат гирифт ва баъдан дар сохтмон сӯхтор сар зад.

Ба иттилоъи хадамоти интизомии Русия, ҳамлагарони мусаллаҳ ҳангоми консерт дар даромадгоҳи сохтмон аз силоҳи худкор сӯйи одамон оташ кушодаанд.

Тибқи маълумоти муқаддамотӣ, дар натиҷаи ин ҳамлаи ҳаросафкан беш аз 60 кас кушта шуда, дастикам 115 тан маҷруҳ шуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳодисаи фоҷеъабор дар вилоятҳои Русия, аз ҷумла Маскав, маҳфилҳои варзишӣ ва фарҳангӣ лағв шуданд.

Ҳамзамон мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия тадбирҳои амниятӣ дар иншооти муҳим, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Маскав ва истгоҳҳои роҳоҳанро тақвият бахшиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед