Ru  | Tj
Тоҷикистон қасд дорад дар се сол ММД-ро 27 дарсад афзоиш диҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон қасд дорад дар се сол ММД-ро 27 дарсад афзоиш диҳад
Акс: Интернет

Тоҷикистон қасд дорад дар се сол ММД-ро 27 дарсад афзоиш диҳад

Нашр шуд

Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) барои солҳои 2022-2024 то 27 дарсад афзоиш диҳад.

Расонаи "Красная весна" хабар медиҳад, тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки ММД-и кишвар аз 103 миллиард сомонӣ (дар соли 2022) то ба 132 миллиард сомонӣ (то соли 2024) боло бурда шавад.

Таъкид мегардад, ки афзоиш додани ММД дар як сол 7,9—8,2 фоиз пешбинӣ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, дар соли 2021 ба иқтисоди мамлакат 601 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 221 миллион доллари он сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад.

Қобили қайд аст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар давраи маҳдудиятҳои коронавирус афзоиш нишон дода буд.


Вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед