Ru  | Tj
Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА хост, ки дастгириҳои молии кишварро афзоиш диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА хост, ки дастгириҳои молии кишварро афзоиш диҳанд
Акс: Sputnik

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА хост, ки дастгириҳои молии кишварро афзоиш диҳанд

Нашр шуд

Завқӣ Завқизода аз Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор хост, ки дастгириҳои молӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳанд.
 
Бар пояи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ин матлабро Завқизода, роҳбари ниҳоди мазкур дар суҳбат бо Директори иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ хонум Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Петр Трабинский зикр кардааст.

Намояндагони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА рушди 8,7 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро натиҷабахш арзёбӣ намуда, ба густариши равобит дар самти пешгирӣ намудан ва камсозии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллии кишвар изҳори омодагӣ баён кардаанд.

Манбаъ меафзояд, расонидани кӯмакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ аз дигар мавзӯъҳои ин мулоқот будааст.
Ҳафтаи гузашта Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердер дидору гуфтугӯ карда буд. 

Ин бонк дар маҷмӯъ барои иҷрои 110 лоиҳа ба Тоҷикистон 2,2 миллиард доллар қарзу грант додааст. 

Тоҷикистон аз соли 1993 бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ дорад. Соли гузашта ин ниҳод ба Душанбе 189 миллион доллар қарзи имтиёзнок ихтисос дода буд.

Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 14% -и интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатиро пешбинӣ мекунад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед