Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз Google, Apple, Facebook ва Microsoft андоз хоҳад гирифт
Нашр шуд
Аз ширкатҳои дар боло зикр гардида андоз аз арзиши иловагӣ ситонида мешавад. Ширкатҳо, намояндагии ширкатҳое хориҷие, ки мустақиман ё тавассути миёнаравҳо хизматрасониҳои ширкатҳои номбаршударо ба корхонаҳо ва шахсони воқеии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд дар зери тасарруфи қонуни мазкур дохил мешаванд. Чунин таҷрибаро кишварҳои Россия, Узбакистон ва Испания низ татбиқ намудаанд.
"Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода раиси Кумитаи Андози ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон қаблан ирсол карда буд.