Ru  | Tj
Тоҷикистон: “Барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба қонунҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ниёз аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон: “Барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба қонунҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ниёз аст”
Акс: Интернет

Тоҷикистон: “Барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба қонунҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ниёз аст”

Нашр шуд

 Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони кишвар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши вакилон дар татбиқи қонуни мубориза бар терроризм», ки дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Толибхон Азимзода ва Баҳриддин Зиёӣ - вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин конфронс иброз намудаанд, ки “Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид мекунад ва барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён меоварад».  

Вакилони тоҷик гуфтаанд, ки амалҳои террористӣ ба дараҷае расидааст, ки ба истиқлолияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда, хилофи қонунҳои байналмилалӣ амал мекунад. 

Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шудааст, дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки давоми солҳо дар самти мазкур қабул карда шудаанд, барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба қонунҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ниёз аст, то решаи терроризмро аз байн барад.

Қобили ёдоврист, ки дар конференсияи байналмилалӣ дар Қатар вакилон аз парлумонҳои давлатҳои пасошӯравӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ кардаанд.


Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед