Ru  | Tj
Тоҷикистон бо ҳама гуна зуҳуроти ҳаросафкан мухолиф аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо ҳама гуна зуҳуроти ҳаросафкан мухолиф аст
Акс: "Ховар"

Тоҷикистон бо ҳама гуна зуҳуроти ҳаросафкан мухолиф аст

Нашр шуд

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз номи ҳукумати ин кишвар ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карда, ба осебдидагон дар ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" шифои ҳарчи зудтар таманно кард.

Давлати Тоҷикистон мухолифи ҳаросафканӣ аст ва омода аст бо Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он мубориза барад. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар китоби таслият, ки дар сафорати Русия дар Душанбе баъди ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" ифтитоҳ шуд, чунин ёддошт гузошт.

 "Тоҷикистон бо ҳама гуна зуҳуроти  ҳаросафкании байнулмилалӣ мухолиф аст ва дар ҳамдастӣ бо Русия ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ муборизаи оштинопазирро алайҳи ин бадӣ идома хоҳад дод", - омадааст дар ёддошти Расулзода.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно кард. Вай зикр кард, ки мардуми Тоҷикистон ба ғаму андӯҳи шаҳрвандони Русия шариканд ва амали ҳаросафканро даҳшатнок номид. Пас аз ин Расулзода бо сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев суҳбат кард.

Бояд гуфт, ҳодисаи ҳаросафкан дар вилояти Маскави Русия аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии ин  кишвар маҳкум карда шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт, ки бо мардуми Русия ғамшариканд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед