Ru  | Tj
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии футзал ҷойи 34-умро гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии футзал ҷойи 34-умро гирифт
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии футзал ҷойи 34-умро гирифт

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол дар зинаи 34-ум қарор гирифт.

Рӯзи 6-уми май Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои аввалин бор дар таърих раддабандии ҷаҳонии дастаҳои мунтахаби футзалро байни дастаҳои миллӣ эълон кард.

Бар асоси ин раддабандии ФИФА тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби 1167,37 хол дар байни 139 кишвари ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов мақоми чаҳорумро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон гардид. Ҷоми ҷаҳон имсол аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон баргузор мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд футзалбозони Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом доданд. Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ карданд. Дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқот бошад дастаи футзали Тоҷикистон бар Афғонистон (2:1) пирӯз шуд.

Аммо дар бозиҳои баъди футзалбозони Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ аз тими миллии Тайланд (вақти асосӣ – 3:3, аз рӯйи пеналти – 5:6) ва дар бозӣ барои ҷойи севум аз тими миллии Узбекистон (вақти асосӣ – 5:5, аз рӯйи пеналти – 1:3) шикаст хӯрданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед