Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон савдоро бо кишварҳои ИДМ афзоиш дод
Нашр шуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 дарсад ё 557,1 миллион доллар зиёд шудааст.
Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба Оҷонси омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин манбаъ, муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур бошад 17,8 % ё 589,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин баробар таъкид мешавад, ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон то ҳол воридот нисбат ба содирот бартарии назаррас дорад.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон 1млрд 547,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 1,6% ё 24,2 миллион доллар зиёд аст.
Содироти Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҳайвонот, маҳсулоти чорводорӣ, хӯроки тайёр, кимиёвӣ, пластмасса ва маснуоти пластмасса, маводи нассоҷӣ, нахи пахта, металлҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти он афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон маҳсулоташро асосан ба Чин (20,3%), Швейтсария (19,3%), Туркия (12,2%), Қазоқистон (11,9%), Ӯзбекистон (9,3%), Афғонистон (5,8%), Эрон (5,5%) ва Русия (5,3%) содир мекунад.
Ҳамзамон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи 5 млрд 767,8 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст, ки дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли 2023 24,2 дарсад ё худ 1 млрд 122,3 миллион доллар зиёд мебошад.
Воридот дар ин муддат ба Тоҷикистон асосан аз Русия (26,6%), Чин (22,1%), Қазоқистон (15,6%), ва Узбекистон (5,9%) сурат гирифт.
Бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Чин ва Қазоқистон ва Узбекистон маҳсуб мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед