Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ карданд
Акс: Озодӣ

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Дар мулоқоти Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масоили марбут ба рушди бахши хусусӣ дар кишвар баррасӣ шуд. 

Ба иттилои Палатаи савдо ва саноат, роҳбари ин ниҳод рӯзи 24-уми феврал бо Озан Севимлӣ, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон мулоқот анҷом дод.  

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор тарафҳо масоили рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намудаанд ва Ҷумъахонзода дар идома аз дастгириҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати иҷрои чанд лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар ба намояндаи ин бонк изҳори миннатдорӣ кардааст. 

Севимлӣ ҳам гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва ҷиҳати тавсеаи бештари фаъолияти ин бахш дар кишвар шароити созанда фароҳам меорад. 

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин таъкид доштааст, ки  ин бонк ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда дар самти мусоидат ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ибрози ҳавасмандӣ менамояд. 

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия гардида буд. 

Гуфта мешавад, ин барнома бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар омода гардидааст. 


Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ кашида шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед