Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон раванди аломатгузории марзи муштаракро баррасӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин мулоқот аз 29-уми апрел то 4-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои расмӣ, намояндагони ду кишвар ҷараёни корҳои аломатгузорӣ ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карда, “пешниҳодҳои мувофиқашудаи лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбекистонро” омода кардаанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, ки дар анҷом санади дахлдор ба имзо расида, дар назар аст, ки нишасти навбатӣ низ дар ин замина дар Тоҷикистон баргузор гардад.

Хотиррасон мекунем, ки созишнома миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дар бораи қисматҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ду кишвар моҳи марти соли 2018 дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расид.

Ба иттилои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон, дарозии марзи Тоҷикистону Узбакистон 1332 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ амал мекунад. Инчунин миёни ду кишвар низоми бидуни раводид ба мӯҳлати то 30 рӯз амал карда, парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Тошканд сурат мегирад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед