Ru  | Tj
Тоҷикистон зиёда аз ҳафтод дарсади корҳои лоиҳаи «CASA -1000»-ро иҷро кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон зиёда аз ҳафтод дарсади корҳои лоиҳаи «CASA -1000»-ро иҷро кардааст
Акс: Halva.tj

Тоҷикистон зиёда аз ҳафтод дарсади корҳои лоиҳаи «CASA -1000»-ро иҷро кардааст

Нашр шуд

Директори минтақавии лоиҳаи «Интиқоли неруи барқи «CASA-1000» Файзалӣ Самиев гуфт, ки дар қитъаи тоҷикистонии ин пуружа беш аз ҳафтод дарсади корҳо ба анҷом расидаанд.


Ин нуктаро Файзалӣ Самиев зимни боздиди рӯзноманигорон  аз Зеристгоҳи 500/220/35 кВ "Суғд", (Хабарнигори сомонаи Halva.tj низ дар он ҳузур дошт) гуфт ва бо баёни ин матлаб афзуд, ки Тоҷикистон барои иҷрои саҳми худ дар ин лоиҳаи минтақавӣ таҷҳизоти заруриро аз кишварҳои аврупоӣ, Русия, Чин ва Ҳинд ворид кардааст.


Ба гуфти Файзалӣ Самиев - Директор минтақавии лоиҳаи интиқоли неруи барқи "CASA-1000", айни замон то сарҳади Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён (ноҳияи Ҷайҳун) хати интиқоли барқи баландшиддат кашида шуда, васлу насби таҷҳизот идома дорад ва интизор меравад, ки  то охири сол ба анҷом расад.


Бояд гуфт, ки хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд 500» аз Қирғизистон оғоз ёфта, дар ноҳияи Деваштич бо хатҳои барқи мавҷуда пайваст мегардад ва тавассути он барқи баландшиддат ба зеристгоҳи «Регар — 500» интиқол меёбад.


“CASA-1000” бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки низоми энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро ба ҳам пайваст менамояд. Амалӣ гардидани ин тарҳ ҷиҳати гузоштани қадами муҳим барои ташкилнамоии Бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат менамояд.




Вазири энергетика: Қисмати тоҷикистонии CASA-1000 соли оянда пурра омода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед