Ru  | Tj
Тоҷикистону Қазоқистон: Дар Душанбе форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қазоқистон: Дар Душанбе форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор мегардад
Акс: Интернет

Тоҷикистону Қазоқистон: Дар Душанбе форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор мегардад

Нашр шуд

17 –уми май дар Душанбе Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.

Миссияи истеҳсолкунандагони молҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 17 то 19 –уми май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев доир мегардад.

Форуми тиҷоратӣ аз ҷониби ҶСК «Маркази рушди сиёсати тиҷоратии «QazTrade»-и Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар форум намояндагони ширкатҳои миллии соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ширкат варзанд.

Намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ имконияти таъмини ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

Бизнес-Форуми дустии Тоҷикистону Узбекистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед