Ru  | Tj
Тоҷикистону Исроил ба рушди ҳамкориҳо изҳори алоқамандӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Исроил ба рушди ҳамкориҳо изҳори алоқамандӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Исроил ба рушди ҳамкориҳо изҳори алоқамандӣ намуданд

Нашр шуд

Директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Исроил дидору гуфтугӯ кард.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар додааст, дирӯз роҳбари ин ниҳод Хайриддин Усмонзода бо сардори Раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Исроил хонум Симона Халперин мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ин дидор Усмонзода ва Халперин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Исроилро баҳсу баррасӣ карданд.

Густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, сиёсату амният, обу энергетика ва фарҳанг аз  меҳварҳои аслии ин мулоқот будааст. Ҳамчунин, рушди муносибот дар бахшҳои башардӯстона ва илмиву таҳлилӣ низ таваҷҷуҳи махсуси ҷонибҳоро ҷалб кардааст.

Манбаъ меафзояд, дар ин мулоқот Сафири Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ва директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил хонум Михал Хершковитс ҳам ҳузур доштаанд.

Лозим ба зикр аст, ки аз моҳи марти 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд, аммо то имрӯз ду кишвар танҳо як ëддошти тафоҳум имзо кардаанду тамом.

Ҳамчунин, коршиносон мизони муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Исроилро бо назардошти имконоти мавҷуд ба талабот ҷавобгӯ намедонанд.

Бар пояи омори расмӣ, соли 2020 ҳаҷми тиҷорати кишварҳо ба андаке камтар аз 500 ҳазор доллар баробар будааст.



Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед