Ru  | Tj
Толибон муҳофизи Аҳмад Масъудро боздошт кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибон муҳофизи Аҳмад Масъудро боздошт кардаанд
Акс: Интернет

Толибон муҳофизи Аҳмад Масъудро боздошт кардаанд

Нашр шуд

Манбаи хабарие дар Кобул таъйид мекунад, ки Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) муҳофизи хоси Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар Кобул боздошт кардаанд.

Ин манбаъ ба рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки Толибон ин мардро рӯзи сешанбе бо 9 узви як хонавода дар минтақаи Хайрхонаи Кобул боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, муҳофизи Аҳмад  Масъуд Абдулмаҷид ном дошта, сарнавишташ то ба ҳол номаълум аст.

Гуфта мешавад, ки нерӯҳои Толибон ҳангоми боздошт Абдулмаҷидро шадидан латукӯб кардаанд.

Толибон то ҳол дар бораи боздошти Абдулмаҷид изҳори назар нанамудаанд.

Ин гурӯҳ қаблан ҳам ба гумони аъзои Ҷабҳаи муқовимат афроди зиёдеро боздошт карда буданд.

Онҳо ҳамчунин ба расонаҳо ҳушдор додаанд, ки аз пахши хабарҳои марбут ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ худдорӣ намоянд.


Се корманди телевизиони “Тулӯъ” аз ҷониби Толибон боздошт шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед