Ru  | Tj
Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд
Акс: АфТАГ

Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд

Нашр шуд

Вазорати маъдан ва нафти ҳукумати Толибон* мегӯяд, Пекин ва Кобул барои сармоягузорӣ дар конҳои Афғонистон тавофуқ кардаанд.

Исматуллоҳ Бурҳон, сухангӯи Вазорати маъдани Толибон гуфта, ки ҷониби Чин ба табодули ин мавзӯъ бо мақомоти Толибон дар ҷараёни боздидаш аз Кобул манфиатдор аст.

“Бархе аз ширкатҳои чинӣ мехоҳанд дар конҳои уран ва алмоси Афғонистон кор кунанд, аммо дар ҳоли ҳозир сиёсати Толибон танҳо ҳифзи ин конҳост”- гуфтааст Исматуллоҳ Бурҳон.

Чин кайҳо боз ба сармоягузорӣ дар конҳои Афғонистон таваҷҷӯҳ дорад.

Соли 2007 як ширкати чинӣ бо ҳукумати Афғонистон барои истихроҷи маъдани бузурги миси айнак дар ҷануби Кобул қарордод имзо кард.

Чин бояд ба ин кон беш аз 3 миллиард доллар сармоягузорӣ мекард, аммо ба далели мушкилоти зиёд тарҳ ҳамасола ба таъхир меафтад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Намояндаи созмони Оғохон бо Толибон масъалаи таҳсили духтарони афғонро баррасӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед