Ru  | Tj
Туризм ва COVID-19: Имсол Варзоб мизбони чанд гардишгар буд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Туризм ва COVID-19: Имсол Варзоб мизбони чанд гардишгар буд?
Акс: DW

Туризм ва COVID-19: Имсол Варзоб мизбони чанд гардишгар буд?

Нашр шуд

Раиси ноҳияи Варзоб – яке аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳии кишвар гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон чӣ қадар гардишгарон аз ин минтақа дидан кардаанд.

Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали имсол 22 ҳазору 267 нафар гардишгар дохилию хориҷӣ аз ин минтақаи сайёҳӣ боздид кардаанд.

Шерализода афзуд, ки ба буҷети ноҳия аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ беш аз 1,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Раиси ин ноҳия ҳамчунин гуфт, ки онҳо барои истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди 270 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта буданд ва аз ин шумор 201-тои он ба баҳрабардорӣ расида, умури сохтмонӣ дар 69 иншооти дигар бомаром идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли гузашта Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки омадани гардишгарон ба кишвар 72,2% коҳиш ёфтааст ва ин бахш ба ҷои 250 миллион ҳамагӣ 72 миллион доллар фоида овардааст.

Ҳукумати кишвар солҳои охир ба рушди гардишгарӣ аҳамияти махсус зоҳир мекунад ва солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон чун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудаанд.

Туризм ҳамчун такягоҳи иқтисоди Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед