Ru  | Tj
Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг соҳиби се медал шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг соҳиби се медал шуданд
Акс: Федеросиюни байнулмилалии ҷудо

Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг соҳиби се медал шуданд

Нашр шуд

Ҷудокорони Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20-22-юми апрел дар Ҳонконг баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора "Варзиш ТВ" хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, 22-юми апрел дар рӯзи охири Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг ҷудокорони тоҷик Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) вориди рақобатҳо шуданд. Дар натиҷа Комроншоҳ мақоми ҳафтумро касб кард ва Ҷаҳонгиру Темур ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.

Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври дувум бар намояндаи Кувайт  Дашти Юсуф ғалаба карда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Устопириён аз ҷудокори муғул Гантугла Алтанбагана мағлуб шуд ва рақобатро дар даври тасаллобахш идома дод.

Устопириён дар рақобати тасаллобахш аз ҷудокори қирғиз Эрлан Шеров мағлуб шуд ва миёни 20 ҷудокори ин вазн мақоми ҳафтумро касб кард. Қобили зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён ягона ҷудокори тоҷик аст, ки дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ба гирифтани ду медали тило даст ёфтааст.

Ҷудокори дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Шенг Кай Лин аз Тайпеи Чин бо имтиёзи зебои иппон зафар ёфт. Маҷидов дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҷудокори муғул Батхуяг Гончигсурен зӯрозмоӣ карда, мағлуб шуд ва дар рақобати тасаллобахш бо имтиёзи иппон паҳлавони ҳиндӣ Автар Сингҳро моҳирона шикаст дода, барои медали биринҷӣ муборизаро идома дод.

Маҷидов дар мубориза барои медали биринҷӣ бо имтиёзи вазарӣ муқобили Нурлюхан Шархани қазоқ пирӯзӣ ба даст оварда, аввалин бор медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиёро соҳиб шуд.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг) пас аз як муддати ҳузур надоштан дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо рӯзи 22-юми апрел дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ба майдон баргашт.

Темур рақобатҳоро дар даври чаҳорякниҳоӣ оғоз кард. Дар ин марҳила ҷудокори тоҷик бар ҷудокори индонезӣ Дарма Агастя зафар ёфта, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов аз Ота Ҳюогаи ҷопонӣ мағлуб шуд.

Дар мубориза барои медали биринҷӣ паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов ҷудокори Баҳрайн Азамат Чотчаевро бо имтиёзи иппон шикаст дод.

Ин нишони сеюми биринҷии Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг буд.

Ба иттилоъи Федеросиюни байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг ҳудуди 270 варзишкор аз 36 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуъи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Ба ҳайати дастаи яккачини ҷудои Тоҷикистон 9 кас дохил буданд, вале ба иттилоъи Федеросиюни ҷудои Тоҷикистон бинобар сабаби ба таъхир афтодани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Дубай чаҳор варзишгари тоҷик - Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муъминова дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё иштирок карда натавонистанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед