Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳукми боздошти раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ содир шуд
Нашр шуд
Додгоҳи Сеул имрӯз 31 декабр ҳукми боздошти Юн Сук Ёл, раисҷумҳури Кореяи ҷанубиро содир кард.
Юн Сок Ёл, ки ба далели эълони вазъияти ҳарбӣ аз мақоми раҳбариаш барканор шуд, акнун аввалин раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ аст, ки ба ҳабс рӯбарӯ шудааст. Ҳукми ҳабси Юн Сок Ёл пас аз нодида гирифтани даъвати ҳозир шудан ба додгоҳ содир шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Yonhap, Додгоҳи ноҳияи ғарбии Сеул дархости Идораи тафтишотии фасодро барои содир кардани ҳукм зидди Юн бо иттиҳоми эълони вазъи ҳарбӣ дар рӯзи 3 декабр, созмондиҳии ошӯб ва сӯиистифода аз қудрат тасвиб кард.
Додгоҳ ҳамчунин қарори кофтукови манзили Юн дар Йонгсани Сеулро тасдиқ кард.
Гуруҳи дифои Юн билофосила бо нашри як баёнияи матбуотӣ гуфт, ки наметавонад ҳукми ҳабсро бипазирад ва онро "ғайриқонунӣ ва беэътибор" номид, зеро он бо дархости як ниҳоди тафтишотии бесалоҳият содир шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки Юн Сук Ёл рӯзи 3 декабр дар як тасмими ғайричашмдошт дар Кореяи Ҷанубӣ вазъияти ҳарбӣ эълон кард, аммо пас аз чанд соат пас аз мухолифати парлумон, аз ҷумла аъзои ҳизби худ маҷбур шуд, тасмимашро бекор кунад.
Баъди ин Юн Сок Юл аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд ва Ҳан Дук Су, нахуствазири он кишвар, идораи корҳоро бар ӯҳда гирифт.
Акнун Додгоҳи конститутсионии Кореяи Ҷанубӣ 180 рӯз вақт дорад, ки сарнавишти Юн Сук Юлро ҳал кунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед