Ru  | Tj
Ҳукумати Ҷопон ба маркази пиронсолон ва маъюбони Истаравшан кӯмак кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷопон ба маркази пиронсолон ва маъюбони Истаравшан кӯмак кард
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Ҳукумати Ҷопон ба маркази пиронсолон ва маъюбони Истаравшан кӯмак кард

Нашр шуд

Барои муҷаҳҳазгардонии маркази минтақавии хизматрасонии калонсолон ва маъюбони ба номи Имомназар Худойназаров дар ҳаҷми 10,052 доллар маблағ ҷудо карда шуд.

Мияшита Такаюки сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан дар ҷамъбасти “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан ба номи Имомназар Худойназаров” иштирок карданд.

Лоиҳаи зикргардида дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Барои муҳайё намудани шароити мусоид дар маркази минтақавии хизматрасонии калонсолон ва маъюбон ба номи Имомназар Худойназаров грант ба маблағи 10,052 доллари ИМА ҷудо карда шуд.

«Калонсолон ва маъюбон дар ҷомеа ба диққат ва ҳимояи махсус ниёз доранд. Ман нақши ин марказро аз ин нуқтаи назар бисёр қадр мекунам. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандони ин марказ, ки барои беҳбудии марказ кӯшиши зиёд мекунанд, миннатдориамро баён намоям. Ин лоиҳа пеш аз ҳама иқтидори ошхонаро беҳтар мекунад»,- гуфт сафир ҳангоми суханронӣ дар маросим.

Бояд гуфт, ки кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад.

Аз соли 1996 то инҷониб дар Тоҷикистон 380 лоиҳа дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ба маблағи умумии $30,7 миллион доллари ИМА амалӣ гардидааст.



Дар назди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишӣ – таълимии дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед