Ru  | Tj
Дар назди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишӣ – таълимии дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар назди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишӣ – таълимии дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Акс: Интернет

Дар назди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишӣ – таълимии дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Нашр шуд

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон дуюмин Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагиро ифтитоҳ намуд.

Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ), ки дар ҳамкорӣ бо ин донишкада кушода шуд, аз 24-уми май ба кор оғоз намуд.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мақсад дорад, ки бо кӯмаки фаннии МТБ, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, дар мавзӯъҳои соҳавӣ маводи таълимии нав таҳия карда, маводи таълимии мавҷударо ба шароити нав мутобиқ созад.

Бояд гуфт, ки ҳамин гуна марказ соли гузашта дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Душанбе низ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Дар шаҳри Хуҷанд мактаби "Оксфорд" бунёд мегардад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед