Ru  | Tj
Ҳукумати вилояти Хатлон вазъи энергетикиро барраси намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати вилояти Хатлон вазъи энергетикиро барраси намуданд
Расм аз Khatlon.tj

Ҳукумати вилояти Хатлон вазъи энергетикиро барраси намуданд

Нашр шуд

Дар вилояти Хатлон, рӯзи 2 декабр, ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа масъалаи омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти вилоят.

Қайд карда шуд, ки ҳолати зимистонгузаронӣ дар шабакаҳои барқи ҷанубӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми декабр аз 60 то 100 фисад иҷро гардидааст. Аммо, мутаассифона, дар баъзе ҷамоатҳои деҳот бо сабаби бунёди маҳаллаҳои нав норасоии симчӯб ба чашм мерасад. Аз вазири энергетика ва захираҳои об даъват карда шуд, ки дар таъмини шабакаҳои барқӣ шаҳру ноҳияҳо бо трансформатор ва симчӯбҳои нав мусоидат намояд.

Дар ҷараёни кори Ситод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон изҳори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори нерӯгоҳҳои барқии обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ, эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст. 

Аз аҳолии вилоят хоҳиш карда шуд, ки аз маданияти истифодабарии неруи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ мулоқот кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед