Ru  | Tj
Қувваҳои сулҳофари СААД аз хоки Қазоқистон берун мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қувваҳои сулҳофари СААД аз хоки Қазоқистон берун мешаванд
Акс: CentralAsia.media

Қувваҳои сулҳофари СААД аз хоки Қазоқистон берун мешаванд

Нашр шуд

Имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони дифои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) лоиҳаи Қарори СААД дар бораи хотима бахшидан ба амалиёти нерӯҳои посдори ин созмон дар Қазоқистон ба баррасӣ кашида мешавад.

Тавре Маркази матбуоти СААД хабар медиҳад, раисҷумҳури Қазоқистон бо ирсоли муроҷиатнома ба раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз ӯ дархост намудааст, ки ҷиҳати анҷоми амалиёти нерӯҳои сулҳофари ин созмон дар Қазоқистон дастур диҳад.

Ба таъкиди манбаъ, Тоқаев қасд дорад шурӯъ аз 13-уми январ қувваҳои посдори сулҳи СААД-ро аз қаламрави Қазоқистон гусел намояд.

Зимнан, Котиботи СААД тарҳи Қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмонро омода карда, барои тасдиқ ба сарони кишварҳои узви СААД ирсол кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи маҷозии вазирони дифои СААД тарҳи тартиби хурӯҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари ин созмон ба тасвиб хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи ҳодисаҳои январӣ дар Қазоқистон, бо дархости Тоқаев рӯзи 6-уми январи соли 2022 нерӯҳои посдори сулҳи СААД ба хоки Қазоқистон ворид шуда буданд.


Тамринҳои ҳарбӣ бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Белорус


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед