Ru  | Tj
Узбекистон мехоҳад барои бунёди корхонаи симон ва тавлиди неруи барқ дар Афғонистон сармоягузорӣ кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Узбекистон мехоҳад барои бунёди корхонаи симон ва тавлиди неруи барқ дар Афғонистон сармоягузорӣ кунад

Узбекистон мехоҳад барои бунёди корхонаи симон ва тавлиди неруи барқ дар Афғонистон сармоягузорӣ кунад

Нашр шуд

Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷии Узбeкистон дар мулоқот бо Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, нахуствазири Толибон* гуфт, кишвараш мехоҳад дар Афғонистон барои бунёди корхонаи симон (семент), истихроҷи ангишт ва тавлиди 200 мегават неруи барқ аз ангишт сармоягузорӣ кунад.

Дафтари нахуствазири Толибон бо нашри баёнияе дар шабакаи X (Твиттери пешина) навишт, ки вазири умури хориҷаи Узбeкистон ва намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Афғонистон бо Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд рӯзи 12-уми март мулоқот кард.

Дар ин дидор вазири умури хориҷаи Узбекистон гуфтааст, ки кишвараш низ мехоҳад таҷрибаи худро дар иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо Толибон табодул кунад.

Вай бо ишора ба тарҳи роҳоҳани "Транс - афғон" гуфтааст, ба зудӣ як ҳайати мутахассисони Узбекистон барои баррасии фаннии ин тарҳ ба Афғонистон сафар мекунад.

Нахуствазири Толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ дар иҷрои тарҳҳои Узбекистон дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Вай афзудааст, ба идораҳо ва масъулони Толибон дастур медиҳад, ки ин тарҳҳоро дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои комил бо Узбекистон анҷом диҳанд.

Вазири хориҷаи Узбeкистон дар ҷараёни сафараш ба Кобул бо чанд тан аз мақомоти дигари Толибон, аз ҷумла Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовинони нахуствазири Толибон низ мулоқот кардааст. Дар ин дидорҳо мақомоти Толибон бар густариши равобити ин гурӯҳ бо Узбакистон таъкид кардаанд.

Бояд гуфт, ки дар дувуним соли ахир Узбекистон бо Толибон равобити густарда  ба роҳ монда ва ҳайатҳои гуногуни ҳарду ҷониб ба Кобул ва Тошканд сафар кардаанд.

Дар баробари ин сафорати Афғонистон дар Тошкандро намояндаи Толибон Мағфурулло Шаҳоб раҳбарӣ мекунад. Ҳамин тавр Узбекистон баъд аз Чин дувумин кишваре мешавад, ки сафири Толибонро қабул кардааст. 

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки сафорати Афғонистонро ба дасти дипломатҳои ҳукумати Толибон насупоридааст.

*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед