Ru  | Tj
Ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон омад
Расм аз iStock

Ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон омад

Нашр шуд

Ваксинаҳои зидди коронавируси аз тарафи Тоҷикистон эътироф шуда, қисм қисм ба Тоҷикистон омада истодаанд. 

Шаби гузашта 192 ҳазор ваксинаи истеҳсоли Британия бо номи “AstraZeneca” дар ҳаҷми 192 ҳазор воя оварда шуд, ва дар маҷмуъ 732 ҳазор воя оварда мешавад, хабар медиҳад сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ Ҷаъфаров Навруз. 

Давоҳо тавассути Сомон-Эйр аз пойтахти Ҳиндустон оварда шуд. Ба мисли дигар кишварҳо низ даври аввали эмгузаронӣ қишрҳои осебпазирро фаро мегирад ва 20% аҳолиро ташкил медиҳад. Ваксинаҳои оварда аз ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ харидори шудааст.

Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки дар онҷо аз моҳи январ то ин ҷониб гирифторони коронавирус сабт нашудаанд.

Хонандаи Halva.tj бо "Спутник V" эм карда шуд ва дар бораи таҷрибаи худ нақл кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед