Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Варзишгардухтарони навраси тоҷик дар Қазоқистон сазовори панҷ медали биринҷӣ шуданд
Нашр шуд
Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзҳои 23-28-уми август баргузор шуд, сазовори панҷ медали биринҷӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷумҳурии моро 4 нафар дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ кардаанд.
Манбаъ меафзояд, варзишгари наврас Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ин мусобиқа дар иҷрои ду навъи машқҳо соҳиби ду медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин варзишгарони дигар Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл варзишгарони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардида буданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед