Ru  | Tj
Меҳронаи 6-сола варзишгари ҷаҳонӣ шудан мехоҳад
Меҳронаи 6-сола варзишгари ҷаҳонӣ шудан мехоҳад
Аксҳо: Halva.tj

Меҳронаи 6-сола варзишгари ҷаҳонӣ шудан мехоҳад

Нашр шуд

“Кӯдакон фавран ва озодона хушбахтиро аз худ мекунанд, зеро онҳо дар сиришти худ хушбахт ва хурсанданд”- гуфтааст нависандаи машҳури фаронсавӣ Виктор Гюго. Қаҳрамони мо – Меҳронаи 6-сола низ аз зумраи он кӯдакони хушбахтест, ки бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштан, ба намуди  варзиши  гимнастикаи бадеӣ шуғл дорад.  Ӯ  панҷаи дасти чап надорад. Ин нуқси  модарзодӣ вайро дар чаҳорчӯбаи танги хонаву боғча нигоҳ надошт. Ӯ аз соли 2018 боз ба машқи гимнастикаи бадеӣ меравад.  То имрӯз дар озмунҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтааст.


“Меҳрона 2 сола буд, ки “шпагат” нишаста метавонист. Ин қобилияти ӯ дар дили ман хурсандӣ мебахшид. Лекин ба назарам ҷисми вай аз дигар ҳамсолонаш хурд менамуд. Тасмим гирифтам, ки Меҳронаро ба Мактаби варзишии №1 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барам. Он вақт духтаракам 3 сола буд” – мегӯяд модари Меҳрона, сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Муқаддас Пӯлодова.      

Дар рафти суҳбати онлайнӣ модари варзишгари 6-сола рӯзҳои аввалине, ки духтаракашро ба мактаби варзишӣ барои машқ мебурд, чунин ба ёд овард:

“Рӯзҳои аввал Меҳрона бисёр мегирист. Намехост, ки аз пешаш дур шавам. Домани маро дошта менишаст. Муаллимаи меҳрубонаш – Нигорахон Қурбонова ба ман  мегуфтанд, ки: “Шумо аз толор равед, то вай диққаташро ба мо ва машқ диҳад”. Вақте оҳиста рафтанӣ мешудам, гирякунон аз қафоям медавид. Духтаракони толор, ки аз ӯ каме калонсолтар буданд, пеши духтаракамро  гирифта, ба ӯ бозичаҳо медоданд. Ба доираи худашон ба бозиву рақс мекашиданд. Ман ҳамоно бо хавотирӣ берун мерафтам. Хушбахтона, ҳафтае нагузашта, аллакай, Меҳронаи ман ба муҳити мактаби варзишӣ одат кард. Вақте ҳар рӯз аз боғча меовардам бо лаҳни ширинаш мегуфт, “буваҷон, гимнаштикамба намебалид – мӣ!?”. Дарун-дарун хурсанд мешудам, ки духтараки ман ҳам чун дигар кӯдакони солим ба варзиш машғул шуда  истодааст. Агар гӯям, ки Меҳрона хандаву бозии кӯдаконаро аз ин мактаб омӯхт, хато намекунам”.   


Аз қад кашидан ва ҷисман боқуввату бардам калон шудани Меҳрона модараш курта-курта гӯшт мегирифт. Меҳрона дар озмуни шаҳрӣ, ки таърихи 8 – уми март дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, ҷойи якумро мегирад. Дар даври вилоятӣ низ, ки моҳи апрели соли 2021 ҷараён мегирад, ширкат варзида, ҷойи аввалро  соҳиб мешавад. Аз он  ки, Меҳрона ба наздикӣ (моҳи май) бо муаллимаш – Нигорахон Қурбонова барои даври ҷумҳуриявии озмун  ба Душанбе меравад, модараш умедвори ғолибияти  навбатии ӯст.

Мо бо мураббии  шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди гимнастикаи бадеӣ,  Нигорахон Қурбонова, ки ҳам дар Мактаби варзишии № 2 -и шаҳри Хуҷанд (75 нафар варзишгар духтар) ва ҳам дар мактаби варзишии № 1 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (40 нафар варзишгар духтар) кор мекунад, дар бораи Меҳрона - яке аз шогирдони хурдсолаш пурсидем, чунин гуфт:

 “Аз синни 4 - солагӣ ба машқи гимнастикаи бадеӣ машғул шудан мумкин аст. Меҳрона аз 3 – солагӣ, яъне  соли 2018 сар карда буд. Аз сабаби он ки, панҷаи дасти чап надорад, ӯ ҳамаи машқу тамринҳоро бе олоти варзишӣ иҷро мекунад. Дар озмуни шаҳриву вилоятӣ ҳам бе олотҳои варзишӣ баромад карда, ҷойи аввал гирифт. Вай ҳамаи гуфтаҳои маро иҷро мекунад. Вобаста  ба синну сол ва имконоти ӯ машқу тамринҳоро муқаррар карда, усулҳои гуногунро меомӯзонам”. 

Мураббии Меҳрона мегӯяд, ки “агар ба дасти шогирдаш “протез” -  панҷаи сунъӣ нишонанд, имкон пайдо мешавад, ки Меҳрона бо ҳамсолони солимаш баробар бошад. Яъне, Меҳрона бо ҳарду панҷаи даст баромад карда, аз  олотҳои варзишӣ, ба мисоли банд, арғамчин, тӯб, тасма, булава, ҳалқа ва ғайра истифода карда, ҷойҳои намоён гирифта метавонад.  Дар ин кор агар аз ҳисоби шахсони  хайрхоҳ сарпарасте ёфт шавад, хеле хуб мешавад”.  


“Вақте Меҳронаро  машғули “шпагат” нишастан, ба  шакли “мостик” даромадан, бо пой тоб хӯрдан (переворот) мебинам,  хурсанд мешавам. Дар дил умед мебандам, ки варзишгари ҷаҳонӣ шавад. Ҳозир ҳамаи рақамҳоро медонад, ба рангкуниву кашидани расмҳо ҳавас дорад. Бо ҳамроҳи ман  барои  мактабравӣ ҳам тайёрӣ мебинад. Бисёр вақт мегӯяд, ки “калон шавам, духтур мешавам”. Орзуи ӯ орзуи ман аст. Ман кӯшиш мекунам, ки ӯ калон шуда, ба ҷамъият хизмат кунад ва чун дигарон ҳаёти арзандаву  хубро дошта бошад”, бо орзуи нек гуфт - Муқаддас Пӯлодова, модари  Меҳрона. 
Ба қаҳрамони 6 – солаамон Меҳрона, ки ба даври ҷумҳуриявии озмуни гимнастикаи  бадеӣ омодагӣ мебинад, тавфиқу барор мехоҳем.


"Сӯзанӣ" таронаест, ки дар матоъ кашида шудааст. Дар Тоҷикистон анъанаҳои қадимаи гулдӯзиро эҳё мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед