Ru  | Tj
Вазири адлия сабаби зиёд шудани талоқ дар Точикистонро гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири адлия сабаби зиёд шудани талоқ дар Точикистонро гуфт
Акс: Интернет

Вазири адлия сабаби зиёд шудани талоқ дар Точикистонро гуфт

Нашр шуд

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 741 ҳолати талоқ сабт шудааст.

Тавре "Азия-плюс" хабар медиҳад, рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ эълом доштааст, ки дар муқоиса ба соли 2020 шумораи ҷудошавии оилаҳо дар соли 2021 3205 ҳолат зиёд шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, вазир афзоиши шумораи ҷудошавии оилаҳоро дар соли 2021 ба он рабт додааст, ки дар соли 2020 бархе аз ҷуфтҳо ба далели паҳншавии бемории коронавирус натавонистанд талоқи худро расман сабт намоянд. 

Ҳамчунин, вазир иллати асосии пошхӯрии оилаҳоро номувофиқ будани хислатҳои ҳамсарон, дахолати шахси сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безурётӣ, хиёнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ меҳисобад.

Зимнан, ба шарҳи Ашӯриён, дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳи оилаҳо ҳудуди 814 ҳазор кӯдак дар тарбияи яке аз воидони худ боқӣ мондаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2020 мизони талоқ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 536 далел расида буд.


Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед