Ru  | Tj
Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Толибон бо амири Қатар мулоқот карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Толибон бо амири Қатар мулоқот карданд
Акс: etilaatroz.com

Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Толибон бо амири Қатар мулоқот карданд

Нашр шуд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон* мегӯяд, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифоъ ва Фасеҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши ин гурӯҳ бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар мулоқот кардаанд.

Муҷоҳид имрӯз бо интишори матлабе дар расонаи иҷтимоъии "Х" (Твиттери пешина) навишт, ки "дар ин дидор тавсеъаи равобит ва таҳаввулоти гуногуни ду кишвар баррасӣ шуд".

Сухангӯйи Толибон гуфтааст, ки амири Қатар Афғонистонро кишвари дӯсту бародар медонад ва "изҳори нияти нек кардааст".

Вай афзудааст, Ёқуб Муҷоҳид низ аз ҳамкориҳои Қатар бо Толибон изҳори сипос карда ва ба густариши равобит бо ин кишвар аз номи ин гурӯҳ итминон додааст.

Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Толибон рӯзи 3-юми март барои боздид аз намоишгоҳи саноати дифоъии маъруф ба "Димедекс" ба Қатар рафта буданд.

Ин масъулини ҳукумати Толибон қаблан бо вазири дифоъи Қатар низ мулоқот карда буданд.

Бояд гуфт, ки Қатар яке аз кишварҳои наздик ба Толибон аст. Ин кишвар пеш аз  тасарруфи Афғонистон аз сӯйи гурӯҳи Толибон кишвари мизбони дафтари сиёсии ин гурӯҳ буд. Қатар ҳамчунин ба унвони миёнарав миёни Толибон ва кишварҳои ғарбӣ амал кардааст.

Ҳамчунин Давҳа мизбони музокироти Амрико ва Толибон буд, ки ба тавофуқ миёни ду тараф ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон боис шуд. Бо хуруҷи неруҳои Амрико дар моҳи августи соли 2021 ҳукумати Афғонистон суқут кард ва Толибон дубора қудратро дар ин кишвар ба даст оварданд.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед