Ru  | Tj
Вазири дифоъи Покистон: Афғонистон манбаъи ҳаросафканӣ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири дифоъи Покистон: Афғонистон манбаъи ҳаросафканӣ аст
Акс: via DAWN

Вазири дифоъи Покистон: Афғонистон манбаъи ҳаросафканӣ аст

Нашр шуд

Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифоъи Покистон як рӯз баъд аз кушта шудани панҷ шаҳрванди Чин дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи ин кишвар гуфт, ки "манбаъи ҳаросафканӣ дар Покистон дар Афғонистон аст".

Вазири дифоъи Покистон рӯзи 27-уми март бо нашри як матлаб дар расонаи иҷтимоъии X навишт, ки Толибон аз паноҳгоҳҳои ҳаросафкаҳо дар Афғонистон огоҳанд, вале бо вуҷуди ин онҳо аз қаламрави ин кишвар озодона алайҳи Покистон фаъолият мекунанд.

Вай афзуд, ба далели афзоиши ҳодисаҳои ҳаросафкан дар Покистон зарурати тағйири куллӣ дар вазъи марз эҳсос мешавад.

Вазири дифоъи Покистон гуфт: "Сарҳади Покистон ва Афғонистон аз марзи суннатии тамоми ҷаҳон фарқ мекунад. Дар шароити феълӣ, ки ҳамкории Кобул (Толибон) ғайримумкин аст, Покистон маҷбур нест, ки тамоми қонунҳо ва муқарароти байнулмилалӣ дар марзро иҷро кунад."

Вай таъкид кард, ки "аз тараддуди ҳаросафканҳо" бояд ҷилавгирӣ шавад ва ба ин васила ҳар ду кишвар метавонанд равобити худро мисли ҳамсояҳои хуби суннатӣ беҳбуд бахшанд ва сабукиҳо барои сафар тавассути шиноснома ва раводид идома хоҳад ёфт.

Ин изҳорот пас аз ҳамлаҳои ахири ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Хуст ва Пактико садо дод, ки равобити Исломобод ва ҳукумати Толибонро боз тиратар кард.

Аммо Толибон борҳо ҳузури ҳаросафканҳо дар Афғонистонро рад карда ва таъкид кардаанд, ки ба касе иҷоза нахоҳанд дод, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода кунад.

Покистон иддао дорад, ки раҳбарон ва аъзои Таҳрики Толибон* дар Афғонистон ҳузур доранд ва ҳамалоти худро алайҳи Покистон аз ин кишвар тарҳрезӣ ва анҷом медиҳанд ва бо вуҷуди дархостҳои чандинкаратаи ин кишвар Толибон алайҳи ин гурӯҳ иқдом намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран бар асари як ҳамлаи маргталабона панҷ шаҳрванди Чин ва ронандаи покистонии онҳо дар иёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон кушта шудаанд.


*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед