Ru  | Tj
Вазири эронӣ: Теҳрон хостори рушди равобит бо Душанбе дар заминаи гардишгарӣ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири эронӣ: Теҳрон хостори рушди равобит бо Душанбе дар заминаи гардишгарӣ аст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири эронӣ: Теҳрон хостори рушди равобит бо Душанбе дар заминаи гардишгарӣ аст

Нашр шуд

Вазири эронӣ гуфт, кишвараш хостори густариши равобит бо Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию солимгардонӣ аст.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар дод, ки ин матлабро Сайид Иззатуло Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон дар мулоқот бо Тоҷиддин Ҷӯразода, роҳбари ин ниҳод гуфтааст.

Ҷӯразода аз ҷумла қайд кардааст, ки новобаста аз паҳншавии бемории фарогири COVID-19 соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз заминаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди кишвар дониста мешавад.

Рӯзи 16-уми сентябр Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон барои анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар нишасти СҲШ ба Душанбе омад.

Дар чорчӯби ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардида, аз рӯи натоиҷи он миёни Душанбеву Теҳрон ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди гардишгарӣ таваҷҷуҳи махсус дорад ва айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкат фаъолият доранд.

Аммо паҳншавии бемории фарогири COVID-19 ба рушди ин соҳа дар Тоҷикистон низ таъсироти манфии зиёд дошт.

Аз ҷумла, дар авохири соли гузашта Кумитаи сайёҳӣ аз коҳиши мизони вуруди сайёҳон ба кишвар хабар дода,, зикр намуда буд, ки омадани гардишгарон ба кишвар 72,2% коҳиш ёфтааст ва ин бахш ба ҷои 250 миллион ҳамагӣ 72 миллион доллар фоида овардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед