Ru  | Tj
Вазири хориҷии Олмон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири хориҷии Олмон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе меояд
Акс: Anadolu Agency

Вазири хориҷии Олмон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Вазири хориҷии Олмон Ҳайко Маас барои баррасии вазъи Афғонистон бо мақомоти расмии Тоҷикистон ба Душанбе меояд.

Ба гузориши Halva, Ҳайко Маас дирӯз дар Берлин зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки вай 29- уми август ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон сафар мекунад то бо мақомоти расмии ин кишварҳо вазъи Афғонистонро муҳокима намояд.

Маас афзуд, ки масъалаи кӯмаки Олмон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар рафъи пайомадҳои тағйирот дар Кобул аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи вай бо мақомоти расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон хоҳад буд.

Вазири олмонӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки зимни гуфтугӯҳо перомуни масъалаи чӣ гуна муносибат кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо воқеияти Афғонистон ва шартҳои созиш бо ҳукумати нави ин кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Шарл Мишел, Президенти Иттиҳоди Аврупо дирӯз пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи хууд дар Твиттер навишт, ки ИА бо мавқеъгирии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба Афғонистон мувофиқ аст.

“Мо дар бобати таъсиси ҳукумати намояндагӣ ва фарогир дар Афғонистон, инчунин дар мавриди аҳамияти ҳамкории ду кишвар дар назорати марз дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расидем. Бесаброна интизори мулоқот бо Ҷаноби Олӣ дар моҳи октябр дар Брюссел ҳастем», - навишт Мишел дар Твиттер.

Раҳмон дирӯз дар суҳбат бо Президенти Иттиҳоди Аврупо таъкид дошта буд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукуматеро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Ба гуфтаи Сарвари давлат беш аз 46 дарсади аҳолии Афғонистон тоҷикон ҳастанд.



Суҳбати Президентҳо. Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед