Ru  | Tj
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо раисони шаҳрҳои Эрон мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо раисони шаҳрҳои Эрон мулоқот кард
Акс: Интернет

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо раисони шаҳрҳои Эрон мулоқот кард

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо раисони ҳафт шаҳри Эрон дар Душанбе мулоқот кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, имрӯз Рамазон Раҳимзода раисони ҳафт шаҳри бузурги Эронро, ки ба манзури ширкат дар Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 

Вазорат аз ироаи ҷузъиëти ин дидор худдорӣ кардаву танҳо гуфтааст, ки он дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ëфтааст.

Гуфта мешавад, дар дидор бо Раҳимзода раисони шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Кирмон, Қазвин, Буҷнурд, Арок ва Кирмоншоҳи Эрон ҳузур доштаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 9-уми март дар  Иҷлосияи VI Маҷмаи Умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» баргузор гардида буд. 

Дар он роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.


Вазирони хориҷии Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед