Ru  | Tj
Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба кори кишоварзонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба кори кишоварзонро баррасӣ карданд
Акс: Газета.ру

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба кори кишоварзонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазирони кишоварзи кишварҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои ношӣ аз тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба кори кишоварзон дар минтақаро баррасӣ карданд. 

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, 2-юми ноябр нишасти чоруми вузарои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таъсири оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ» баргузор гардид. 

Манбаъ мегӯяд, ин нишаст ба таври маҷозӣ ва таҳти раёсати Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони милал доир гаршта, дар он маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва чандҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шудааст. 
Вазирон таъкид доштаанд, ки тайғирёбии иқлим аз аслитарин мушкилоти бахши кишоварзӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи  Марказӣ мебошад.  

Манбаъ афзудааст, ки ҳадаф аз баргузории ин нишаст  омӯзиш ва табодули таҷриба миёни кишварҳои минтақа дар самти коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола бар асари офатҳои табиӣ ҳазорон гектар боғу киштзор зарар мебинанд, ки ин ба кор ва даромади кишоварзон зарари ҷиддӣ ворид мекунад. 

Коршиносон мегӯянд, кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллии Тоҷикистон буда, маҳз рушди ин соҳа ба боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум муосидат менамояд. 

Саҳифаи ягонаи кишоварзӣ кушода шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед