Ru  | Tj
Вазорат: Масунияти аҳолиро нисбат ба сирояти COVID-19 муайян мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорат: Масунияти аҳолиро нисбат ба сирояти COVID-19  муайян мекунанд
Акс: ASIA-Plus

Вазорат: Масунияти аҳолиро нисбат ба сирояти COVID-19 муайян мекунанд

Нашр шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон ҷиҳати муайянсозии сатҳи масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 тадқиқоти миллӣ мегузаронад.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, ин ниҳод аз 14-ум то 19-уми март дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон ва  дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л. Пастери  Русия оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 тадқиқоти миллӣ мегузаронад.

Манбаъ афзудааст,  барои иштирок дар тадқиқоти мазкур шаҳвандон метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар марказҳои вилоятҳо ва ба   марказҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат,  Ҳисор  Панҷакент, Истаравшан ва Исфара муроҷиат намоянд.

Бақайдгирӣ барои иштирок дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии мамлакат ба тариқи электронӣ сурат мегирад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон ҳамчунин барои дарëфти маълумоти бештар дар ин масъала метавонанд ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намоянд.

Вазорат тавзеҳ додааст, ки сабтином барои ширкат дар ин тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии мамлакат ба тариқи электронӣ сурат мегирад ва ташхис  барои муайян намудани масуният  ройгон мебошад.

Бояд гуфт, ки бар пояи охирин омори расмӣ, то 23-уми феврал дар Тоҷикистон 5 миллиону 8 ҳазору 284 нафар ё 89,4 фоиз шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

То имрӯз ба Тоҷикистон беш аз 11 миллиону  200 ҳазор  воя ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид шудаанд. 


Раёсати тандурустии Суғд аз афзоиши бемории сил дар вилоят хабар дод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед