Ru  | Tj
Раёсати тандурустии Суғд аз афзоиши бемории сил дар вилоят хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раёсати тандурустии Суғд аз афзоиши бемории сил дар вилоят хабар дод
Акс: Sputnik

Раёсати тандурустии Суғд аз афзоиши бемории сил дар вилоят хабар дод

Нашр шуд

Мубталошавӣ ба бемории сил бештар дар шаҳру навоҳии Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Раёсати тандурустӣ зимни нишасти хабарӣ эълом доштааст, ки дар вилояти Суғд соли 2021 дар муқоиса ба соли 2020 теъдоди гирифторони бемории сил 47 нафар зиёд шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, соли 2021 дар вилоят 774 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки дар соҳаи тандурустии вилоят норасоии табибони силшинос низ ба чашм мерасад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори Раёсати тандурустӣ, ҳоло дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ 2870 нафар гирифтори бемории сил сабти ном шуда, зери назорати ҷиддии табибон қарор доранд. Соли 2021 дар вилоят аз бемории мазкур 26 нафар фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ аз ВНМО коҳиш ёфтааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед