Ru  | Tj
Вазорати тандурустӣ: Беш аз 328 ҳазор нафар ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ: Беш аз 328 ҳазор нафар ваксинаи зидди  COVID-19 гирифтанд

Вазорати тандурустӣ: Беш аз 328 ҳазор нафар ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд

Нашр шуд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус идома дорад.

Бино бар иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 6-уми июл 328 ҳазору 405 нафар сокини мамлакат ваксинаи зидди бемории коронавирус гирифтаанд.

Манбаъ мегӯяд, вояи дуюми ваксинаро беш аз 19 ҳазор аҳолӣ дарёфт кардаанд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июл гирифтани ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ гардид.

Аммо Наврӯз Ҷафаров, Сардори раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ дар сӯҳбат ба “Азия плюс” гуфтааст, ки ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхорадор ваксина гузаронида намешавад.

Ба гуфтаи ин мақоми Вазорат, ҳамчунин онҳое, ки айни ҳол мубталои бемории коронавирус ҳастанд, танҳо пас аз шаш моҳ ваксина хоҳанд гирифт.  



Бастаи навбатии "Astrazeneca" моҳи август ба Тоҷикистон меояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед