Ru  | Tj
Вазорати тандурустӣ омори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистонро эълом кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ омори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистонро эълом кард
Акс: Интернет

Вазорати тандурустӣ омори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистонро эълом кард

Нашр шуд

Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар ду рӯзи охир дар Тоҷикистон 32 нафар гирифтори коронавируси нави COVID-19 шудаанд.

Бар пояи хабаре, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон паҳн кард, санаи 21-уми июн 17 ҳолат ва 22-юми июн 15 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 рӯзи 21-уми июн аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемории коронавирус иттилоъ дода, аз мардум хоста буд, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 22 июн дар кишвар 13 340 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. 

Омори ҳаррӯзаи коронавирус дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед